Skip to main content

Тосты, поздравления и пожелания на свадьбу, юбилей и день рождения, другие праздники на таджикском языке

Ниже представлен сборник свадебных таджикских тостов и поздравлений на таджикском языке. Можете выбрать для себя что-то из них или заказать персональное пожелание у нас, как и выбрать любую услугу для  организации таджикской свадьбы и другого праздника.

- на свадьбу
- на юбилей и день рождения
- на другие праздники

Таджикские поздравления и тосты на свадьбу

На таджикской свадьбе должны звучать тосты на родном языке, так как это память о предках и сохранение традиций, что очень важно.

 ТАБРИКОТ БА РУЗИ ТУЙ

Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехохам домод ва аруси нозанинро ба муносибати ин рузи таърихии хаёташон табрик намоям. Аз Худои мутаъол мехохам то мухаббати ин ду навчавон човидони бошад. Бигзор хамеша дар бари якдигар хущбахт, гамхору мададгори хам бошанд. Хама пастию баландии зиндагиро дасти ба даст паси сар намуда то абад хамнафаси якдигар бимонанд.

Бароят май намехохам,ки май нушида мегардад,
Бароят гул намехохам,ки гул пажмурда мегардад.
Бароят бахт мехохам,ки хушбахти чахон боши,
Бароят тахт мехохам,ки шохи ошикон боши.
- - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - -
Эй аруси нозанин боғат муаттар мешавад,
Дар шаби туят сухан гуям , дилам тар мешавад.
Мон қадам бо устувор дар шоҳроҳи зиндагӣ,
Зиндагонии ҳақиқӣ баъд аз ин сар мешавад.
- - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - -
Барои ду ҷавон имшаб дари дил боз мегардад,
Тамоми рози бинҳуфта кунун иброз мегардад.
Дар ин гулшан, ки аз ишқу муҳаббат накҳате дорад,
Хушо бо булбули шайдо гуле ҳамроз мегардад.
- - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - -
Арусу шаҳ , Илоҳо шод бошед,
Ба гулбоғи ҳаёт озод бошед.
Дар оғӯши диёри ишқу армон,
Яке Ширин, дигар Фарҳод бошед.
- - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - -
Домоду арус ба ҳамдигар пир шавед,
Дар олами ишқи худ ҷаҳонгир шавед.
Аз чарх таманнои азизон ин аст,
Садсола шаведу баъд аз он пир шавед.
- - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - -
Чӣ зебою дилороед ҳарду,
Ба тан ҷону ба дил ҷоед ҳарду.
Ба пеши тахт ҳамчун моҳи тобон,
Чароғи қалб бар моед ҳарду.
- - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - -
Домоду арус гули боғу чамананд,
Тоҷи сару нури дидаи анҷумананд.
Чун пораи шеъри шоири олимақом,
Дар маҳфили ошиқон худ сарсухананд.
- - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - -
Шумо ду шохи гул,ду навниҳолед,
Шумо ду қатраи оби зулолед.
Аз ин рузу аз ин соат аз ин дам,
Барои ҳамдигар ҳаққу ҳалолед.
- - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - -
Эй шоҳи шаҳон аруси хушбахт муборак,
Эй моҳи ҷавон шоҳи сари тахт муборак.
Шаби васлу шарафмандӣ муборак,
Чунин шодию хурсандӣ муборак.
Дилогоҳию дилбандӣ муборак
Чу нахле гашата пайвандӣ муборак.
- - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - -
Дилдода бувад дар бари дилдор дар ин шаб,
Пайваста барад лаззати дидор дар ин шаб.
Пурфайз аҷаб базмгаҳи шоми арусӣ,
Домод бувад ҳамнафаси ёр дар ин шаб.
Аз дидаи мо хоб паридаст азизон,
То субҳ бимонанд ҳама бедор дар ин шаб.
Бигзор ки ин ҷуфти фавон бахт бубинанд.
Аз чеҳраашон бахт падидор дар ин шаб.
- - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - -
Субхи бахтат пурсафо бод хохарам,
Номи некат пурчило бод хохарам.
Чашми шахлоят набинад ашки гам,
Зиндагият пурнишот бод хохарам
- - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - - -
Ин лаҳзаи ҷовидон муборак бошад,
Пайвастани ҳамдилон муборак бошад.
Ин лаҳза ду хонадон ба ҳам пайваста,
Пайванди ду хонадон муборак бошад.
Ду ахтари бахт дар замин гашта қарин,
Ду ахтари ҳамқарин муборак бошад.
Ҷисме ба ҷон расиду ҷоне ба ҷисм,
Бинед, ки ҷисму ҷон муборак бошад!
Эй азизон ба шумо туй муборак бошад,
Бандаи бахт дар ин куй муборак бошад.
Ба ҳама туякиён, ба ҳама хешу табор,
Ваҳдати ду гули хушбуй муборак бошад.
Қади домод чу шамшод ба паҳлуи арус,
Ба вай ин сарви суманруй муборак бошад.
Сухани гуфтаи мо туҳфаи туёнаи мост,
Сухани тутии хушгуй муборак бошад!

Поздравления на свадьбу жениха и невесты на таджикском языке

Табрикот барои туй арусу домод кисми

Туй муборак домоту арус ичозад дихед ман шхсан аз номи худам ва номи калективи хамсинифонам дустам ... Табрик мекунам

*************************
Салом е дил салом е йорони чони Саломи ман ба манзили ишку чавони Саломи мост зи пайки ошиа Хайрумакдам дустон хуш омадид Дустони мехрубом хуш омадир ба базми ошикон ман шахсан аз номи худам ва аз номи дустон табрик мекунам илохо дар лабонатон ханда канда набшад
*********************

Ду дилдоре ки бо хам дилбидоданд.Дари бахтро ба руйи хам кушоданд.Намуданд калби якдигар мунавар.Ба рохи зиндагони п ниходанд!
Ассалому алайкум мехмонон ва мезмонони азиз лутфан аз номи худам ва аз номи хамсинфонам ин ду чавонро табрику тахният гуфта ба ин ду чавон умри дароз ризки фароз хонаи ободу зиндагии осударо таманно дорам,худо еру толе мададгорашон бод!. Банда фалончи фалончиев

****************

Рузи мавлудат муборакбодгӯён ин дуо,
аз худои мехрубони хеш кардам илтиҷо.
тансихат бошиву хандон хотират ҷамъ инчунин,
ишк бошад ҳамрадифи зиндагиат доимо.
салом азизи нағзи дилам мавлуди умрат муборак бошад.
бигзор тамоми хушихои зиндаги насибат гардад. Кадомин ҳадяро ба қалби меҳрубонат тақдим созам ки худ ганҷинаи зебоиҳои олам ҳасти. Эй ширинии латифтарин сурудаи табиат, чигуна Худоро барои чунин бахшиши рангин шукр гуем. Таваллудат муборак! Бо ман боши дустат медорам, Танҳо бошихам дустат

****************

Салом эй ахли дил эй ахли
механ,
Салом афроди чун оина
равшан.
Сало ахли башарро созгор аст
Салом харфи хуши
Парвардигор аст.
Салом эй дил салом эй ёри
чони
Салом бар манзили ишки
чавони.
Саломи мо зи пайки ошикона
Дуруд асту нишот асту тарона.
***
Додари азиз базм муборак
бошад,
Бар тахт нишастанат муборак
бошад.
Дар авчи фалак фариштахо
мегарданд
Дар пахлуи ту арус муборак
бошад.
***
Бори дигар салом арз
менамоям ба якояки шумоён
пеш аз хама ба падарону
модарони гамхор хохарону
бародарони мехрубон
мехмонони оликадру
мутрибони хушсадо.
Лутф фармоед шахсан аз номи
худам ва аз номи коллективи
ахли оилаамон ин ду
навчавонро ки яке додари
азизам (ном)ва хамсари
азизашонро ба ин рузи
саидашон аз самими калби
чавони табрику муборакбод
мегуям.
Бигзор кабутари орзухояшон
хамеша лонагузори
баландошёнаи зиндаги бошад.
Ва дар шохрохи пурпечтоби
зиндаги хамеша бахт
мададгори шумо ду навчавон
бошад ва аз забони шоир
чунин гуфтаниям:
Хохам ки хонаи шумо руз ба
руз туй шавад
Якчанд писарони хубу хушруй
шавад.
Фарзандони шумо илохо
арусу домод шавад,
Умри хамагон ба Саъди
пайванд шавад.
***
Агар Худованд барои инсон
тухфаи бехтарин умрро
офарида бошад,ман барои дуи
шумоён хамин умрро бо
дарозиаш ва хамин тахтро бо
бахти бузургаш хохонам
ташаккур

****************

Муборак туйятон келину
домод
Муборак хонаи аз мехр обод
Тамоми умр бо хам шод
бошед
Зи хабси дарду гам озод
бошед
Чароги бахтатон бошад
фурузон
Шавад ишки шумо машхури
даврон
Бо хам бошед чун Фарходу
Ширин
Шуморо бахт хохем бахт
омин!!!!!
****************

ташакури зиед.
авалосалом дустон падару
модарон хешутаборон ва
хамаи мехмонони аз дуру
наздик омада кудуми якояки
шуморо баин даргох хайру
макдам мегуям .ва бадазон
бародари азиз ва ин келини
нозанинаш боин рузи
саидашон аз самими калби
чавони табрик гуфта бигузор
кабутари умеду орзухояшон
хамеша бахт лонагузори
баландошиенаи зиндаги
бошад ва дар шохрохи
чунпечутоби зиндаги хамеша
бахт мададгори шумо ду
навчавон бошад ва аз забони
шоир чунингуфтаниям .
Ай шоху арус бар шумо ин
тахт муборак.
Бар шумо нишастани интахт
муборак бошад.
Дар авчи фалак фариштахо
мегарданд,
Хамрохи шумо хазрати Есину
Таборак бошад.

******************************

 

Салому дуруди
бепоён ба хамаи шумо!
Падарон, модарон, хохарону
додарон ёрону бародарони
мехрубон ва бандагони Худо.
Ба хамаи шумо маълум аст, ки
сар чамъ шудани мо дар ин
кошона дар ин хонадони
падари бузургвор (...) ва
модари мехрубон (....) туй аст.
Туйи домодии писарашон
... ва келини азизашон
... ва дустони мехрубон
дар базми чамшеди ин ду
навчавон дастаи хунари
овозадори .... бо сарвари
хофизи шинохта булбули
хушнавову хамсадо булбули
гуёи Точикистон ... дар хизмати мову
шумост. Ва дустони мехрубон
ман аз фурсат истифода бурда
шахсан аз номи худам ва аз
номи тамоми хамсинфон ва
ахли саъаткорон пеш аз хама
ба ин хонадон, саломати умри
дароз ва ба ин ду навчавон
тамоми хушбахтихои дунёиро
таманно мекунам. Бо дили пур
аз мухаббат омадем бар туи
дуст. Дастхо ба сина хам
мекунем, мо дар туи дуст.
Шоиронро хубтар аз шеъри
навъаст тухфае. Мебарем
пайгоми дилро чун кабутар
суи дуст. Умрат ободу дарозу
бахтат фируз бод. Дустонро
орзу хаминаст, дар туи дуст. Ва
дустони мехрубон инак
мегузарем ба огози базму
тараб ва навбати базму
тарабро ба булбули
хушнавову хушсадо булбули
гуёи Точикистон Шахзоди
Даврон медихем. Сози ту дар
чуш орад руди кухистонро.
Нагмаи ту шоди бахшад калби
хушпаймонро. Сози ту дар
Хизр дорад, розхои дилнишин.
Гарм созад аз маломат
пайкари инсонро. Дар садохои
ширинат буи нон асту замин.
Зинда боши Шахзодчон бо
созхои дилнишин. Бори дигар
туй муборак бошад дусти
азизам

 

****************************

Хайрамакдам
дустон хуш омадед,
Дустони мехрубон хуш
омадед.
Токи гардам шод аз дидоратон,
Хар дакика хар замон хуш
омадед.
Боз пур аз шодихои хона шуд,
Боз чуфти кафтаре хамлона
шуд.
Боз Ширине ба Ширине расид,
Боз Фарходе бари Чонона шуд.
Чун шамъ нур мепошад арус,
Гирди у домод чун парвона
шуд.
Киссаи Лайлию Мачнун шуд
кухан,
Ишки ин харду зи нав афсона
шуд.
Дустон шодона кафкуби кунед,
Бахти нав мехмони ин кошона
шуд.

***********************

Эй дуст бие ки ошикон шод
шаванд.
Дар мактаби зиндагии худ
устод шаванд.
Дар партаи панду хикмати
шумо
.Домоду арус хона обод
шаванд.

*************************

Ба замину осмону хок салом,
Ба нури нашаи Хуршеди пок
салом,
Ба харчи гавхари хасти даруни
он бошад,
Ба ишки поки шумо ошикони
пок салом.
Саломи саршор аз мехру
садокат нисоратон бод падару
модарон ва мехмонони
гироми кадр. Ичозат дихед аз
ин фурсати хелохам бароям
муносиб истифода бурда ин ду
навчавони имшабаро ба
муносибати гузоштани
кадамхои нахустинашон дар
чодаи зиндаги муборакбод
гуфта ба онхо тамоми
хушихои зиндагиро таманно
намоям. Бигузор чи орзуву
умеде ки дар калби хеш
мепарваранд чамаи амал
пушад. Хохони он хастем ки
кабутари бахташон дар
осмони баланди зиндаги
доимо дар парвоз бошад,
киштии умрашон доимо дар
бахри бекарони зиндаги
хамеша дар шино бошад,
дарахти орзухои ин ду
навчавон меваи шарин ба бор
орад. Аз худои мехрубон
талаб мекунем ки саодати
зиндаги насибашон гардад, хар
кучое бошанд хамеша гули
сари сабади дустон бошанд ва
хес гох сари хам дили гам ва
чашми намро набинин.
Хамеша дар халкаи мехру
мухабати хамдигар хушихои
зиндаги насибатон бод домоду
арус.
Ва дар охир аз забони ширини
шоир чунин гуфтаниям:
Гул бипошад доимо ишк дар
сари рохи шумо,
Рах наебад хечгох гам ба
даргохи шумо.
Дар талоши гиру дори гарму
сарди зиндаги,
Ханда бошад доимо дар руи
чун мохи шумо.

 

Хайрамакдам дустон хуш
омадед,
Дустони мехрубон хуш
омадед.
Токи гардам шод аз дидоратон,
Хар дакика хар замон хуш
омадед.

 

*************************

Салом пас мархабо ёрони
чони,
Ба ӣазми мо ба дунёи чавони.
Ба дилхои шумо фархунда
бодо,
Нишоту хам висоли човидони,
Ало ёрон шуморо бахти неку
хамсафар бодо,
Шаби фардоятон равшантар аз
руи сахар бодо.
Барои оузгори нав кадам
якчоя бинходет,
Кадамхотон аз авал то ба охир
бехатар бодо,
Саломи саршори пур аз
самимияти моро пазиро бошед
дустони арчманд мехмонони
иззатманд,хозирини
гиромикадр.Нури дидаву точи
сар. Хуш омадет ба ин даргохи
пурмехр,ба базми зебои васли
арусу домоди
хушбахт.Азизони дил албатта
хар яки шумо бахри тахният
гуфтан ва дасти дуо
бардоштан барои бахти
сафеди ин ду навчавон
омадаед .Алъон хама якчоя
дар ин базми наку дасти дуо
мебардорем ва аз даргохи
Худованд бахри
навхонадорон хонаи ободу
хушбахти,сабру тахаммул ва
дар зиндаги хамдигарфахмиро
орзу менамоям.
Имруз ки домоду арус дар
шохрохи зиндаги кадам
нихода истодаанд орзу
менамоем,ки кошонаи ,бахт
насибишон гардаду кабутари
икбол дар фазои кошонаашон
хамеша парафшон
бошад.Хозирини гиромикадр
биёед барои домоду аруси
зебо ва огозёбии базми
имруза як кафкубии пурмавч
мезанем ва ба домоду арус
ичозат медихем,ки ба
курсихои бахти худ
бинишинанд

**************

Бароят бахт мезохам на он бахте ки талх бошад
Ман он бахте ки хохонам пур аз шахду шакар бошад
Ду дасти бар дуо дорам ба дар гохи худо нолам
Ки то бошад нигахбонат хамеша илтичо дорам

Мархабо, эй дустони босадокат, мархабо,
Мархабо, эй мардумони авчу иззат, мархабо.
Орзуи дидани руи шуморо доштем,
Мархаммат созед ба чашни мо ба шафкат, мархабо.

*****************

Арус эй хохарам зинхор,зинхор,Дили ёри азизатро майёзор Агар як зарра дони кадри шавхар Бидон ту модарашро чои модар Ки хеч модар бадхохи писар нест Зи модар хеч келинро зарар нест Ба вакти кори хона дасти у гир Машав харгиз,машав харгиз мугамбир,Зи некуи дилашро ор бар даст Зи некуи шавад олам забардаст.Агар дилгир шуди бо кори носоз Ба пеши у кавокатро маяндоз Сухан гуяд вале гардад пушаймон Тахаммул кун гапашро хохари чон Агар харфе ба руят сахт гуяд Ва ё харфе чунин гуяд ба шуят Макун харгиз ба ин харфхо дилат реш Ки нози модари дорад биандеш Ту бо аклу тамизу амри такдир Бикун хизмат,бикун хизмат,зи хушдоман дуо гир!

***************

Рузи мавлудат муборакбодгӯён ин дуо,
аз худои мехрубони хеш кардам илтиҷо.
тансихат бошиву хандон хотират ҷамъ инчунин,
ишк бошад ҳамрадифи зиндагиат доимо.
салом азизи нағзи дилам мавлуди умрат муборак бошад. бигзор тамоми хушихои зиндаги насибат гардад. Кадомин ҳадяро ба қалби меҳрубонат тақдим созам ки худ ганҷинаи зебоиҳои олам ҳасти. Эй ширинии латифтарин сурудаи табиат, чигуна Худоро барои чунин бахшиши рангин шукр гуем. Таваллудат муборак! Бо ман боши дустат медорам, Танҳо бошихам дустат медорам. Имруз рӯзи милоди туст, Ҳар ҷо боши дустат медорам. Субҳгоҳон ки ғунчаи нав падидор шуд.Чашми фалак аз завки ашки шавқ рехт ва туро дар оғуш гирифт ва бозам мегӯям таваллуди ишқ муборак бошад. Эй зеботарин таронаи ҳастӣ. Бидон ки шаби милодат бароям армуғони хубиҳо ва зебоиҳост. Пас эй сарчашмаи хубиҳо, эй олиҳатарин армуғони зиндаги бо тамоми вуҷуд мегӯям хушбахт бош. бигзор тамоми хушбахтиҳои зиндаги тамоми некномиҳои дунё насибат гашта бошад. Мавлуди хуҷастаро аз самими қалб таҳният мегӯям. Аз даргоҳи Офаридгори пок хоҳонам, ки ҳамеша чун имрӯз зебою ҷавон ва нерӯманду саломат бимонӣ. Ман таманнои онро дорам, ки хуршеди ҷаҳоно доимо бар сарат нурафшонӣ кунаду дасти каму рӯзи ғамро набинӣ.

Таджикские поздравления и тосты на юбилей и день рождения

Подарите имениннику самые теплые и нежные пожелания, написанные на таджикском языке. Среди многообразия красивых поздравлений подберите то, которое будет идеально соответствовать виновнику торжества. Прибавьте остроты празднику, повеселите всех окружающих своим прикольным пожеланием, которое вы будете вспоминать весь последующий год. Выбирайте самые лучшие, наиболее яркие поздравления с Днем Рождения, дарите море позитива всем своим друзьям, знакомым и родным. Подарив пожелание на таджикском языке, вы можете быть уверены, что вам непременно ответят тем же в ваш праздничный день.

Зодруз муборак, табрикнома барои зодруз, Шеър ва сухан

Табрикот барои зодрузи нафари азиз ки пур аз суханхои самимона аз самими калб барои шумо дар ин сахифа чамъ оварда шудаанд. Щеърхои бехтарин аз шоирон аз чумла рубоихо, дар васфи модар, Дуст-чура, падар, рафик, дустдошта, бобо, биби, бародар, хохару апа, устод-муаллим, рохбар ва дигар нафарон хам мавчуданд.

*  *  *

Устоди азиз, «Ном?»! Шуморо бо ҷашни «чанд?» — солагии зодрӯзатон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолиятатон комёбиҳои беназирро таманно дорам. Бигузор ҳамеша чун кӯҳҳои помир сарбаланд, чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шӯҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор бошед! Ҳеҷ гоҳ Бахт ва Хизр кошонаи Шуморо тарк насозанд!
Бо эҳтиром шогирдатон «Ному Насаб»

*  *  *

Дӯсти гиромӣ, «Ном?»! Туро бо ҷашни фархундаи мавлудат сидқан шодбош мегӯям. Таманнои онро дорам, ки дар таҳсил ва дар зиндагӣ ҳамеша муваффақ бошӣ. Аз Худованд талаб менамоям, ки бароят умри дарозу бахти накӯро арзонӣ дорад. Сарбаланд бош!
Бо эҳтиром дӯстат «Ному Насаб»

*  *  *

«Ном?»-и азиз! Мавлуди хуҷастаро аз самими қалб таҳният мегӯям. Аз даргоҳи Офаридгори пок хоҳонам, ки ҳамеша чун имрӯз зебою ҷавон ва нерӯманду саломат бимонӣ. Ман таманнои онро дорам, ки хуршеди ҷаҳоноро доимо бар сарат нурафшонӣ кунаду дасти каму рӯзи ғамро набинӣ.

Чу Саъдӣ пир гардӣ, кам набинӣ,
Чу Ҳофиз шод бошӣ, ғам набинӣ.
Чу Ҷомӣ оқилу фархунда бошӣ,
Чу Сино дар дилу дар дида бошӣ.

«Ном?»-и хушрӯяку дӯстрӯяки мо! Яксолагии рӯзи мавлудатро ба як ҷаҳон орзую умедҳо табрик гуфта, аз яздони пок ширинтарин лаҳзаҳои кӯдакиятро таманно дорем. Орзуи онро мекунем, ки:

Нигаҳбонат Худо бошад,
Паноҳат Мустафо бошад.
Ҳабибат ҷилди Қуръону,
Ҳаётат босафо бошад.

Бо эҳтиром, «Ном ё якчанд номҳо?»

*  *  *

«Ном?»-и зебо илоҳо бахт ёрат бод,

Илоҳо то абад ёрат дар канорат бод.

Илоҳо ҳарду хушбахти замину осмон бошед,

Ҳар он чи дар ҷаҳон хуб асту зеботар ҳамон бошед

*  *  *

Беҳтарин садои зиндагӣ тапиши қалби ту аст.
Эй офтоби нозанини зиндагӣ ҳамеша дурахшон бимон.
Таваллудат муборак модар!
Муборак зодрузат модари ҷон
Набинад гам вуҷудат модари ҷон
Танат бедард боду хотират шод
Ки ман гуям дурудат модари ҷон.
Аз самими қалб ва бо эҳтиром фарзанд (ҳоятон), «Ном ё якчанд номҳо?»

*  *  *

Имрӯз беҳтарин рӯз аст … чун Худованд беҳтарин фариштаашро офарид то акнун модари ман бошад. Зеботарин Фариштаи осмони ман, Худованд туро офарид то модари ман боши ман ба худ ифтихор мекунам, ки чунин модаре дорам. Модаре ки ҳарчи бихоҳам уро тавсиф кунам калимот ёриям намекунанд. Таваллудат муборак модари меҳрубонам!

Аё модар лабат дар ханда бошад,
Гули руят моҳи тобанда бошад.
Барои заҳмате бар мо кашидӣ,
Ба поят сар ниҳем арзанда бошад.

Аз самими қалб ва бо эҳтиром фарзанд(ҳоя)-тон, «Ном ё якчанд номҳо?»

*  *  *

Ба поси фидокориҳои бечашмдоштат,ба поси ҳамаи дардҳову ранҷҳое, ки ба танҳои бар душ кашидиву ишқи бузургат, ки арзониям буд, барои ту менависам. Барои ту, ки солҳои ҷавоният дар обилаи дастонат пинҳон шудааст ва бар лабҳоят муҳри сукут хурдааст.Дастонатро бар руям бикаш, мехоҳам зери онро ламс кунам то шояд у бигуяд ки чиқадар бароям заҳмат кашидаи. Падар то ҳол ҳар чи доштаам аз ту будааст, барои доштаҳои дирузу имруз аз ту муташаккирам. Таваллудат муборак ва рузат ииромӣ бод падарҷон.

Бо эҳтироми самимӣ фарзанд(ҳоя)-тон, «Ном ё якчанд номҳо?»

*  *  *

Падар эй чароғи хона! Марди дарё, марди дилҳо
Бо ту зиндагӣ боғе ҳаст,бе ту сарду зиндон.
Ҳарчи дорам аз ту дорам,туи баҳори орзуҳо.
Ҳанузам агар аз дастам нагири , меафтам аз по…
Падар таваллудат муборак!

*  *  *

Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯем. Бароятон, қабл аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорем. Бигузор ҳамеша зебою кушодачеҳра ва дар коргаҳи мо бимонед. Аз даргоҳи Офаридгор талаб менамоем, ки ҳамеша шуморо саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд дар паноҳаш нигоҳ дорад. Мо, ҳама, шуморо дӯст медорем.

Бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ҳамкоронатон «Ном» ва «Ном»

Позравления на таджикском языке на разные праздники

 Поздравление с праздником Навруз

Табрикот иди Навруз муборак Шеърхо бахор

Шеърхои наврузи
шеърхо барои навруз
наврузи точики шеърхо
шеър дар васфи навруз

 

Гули бодом буи нози навруз ,
Гилеми сабза пойандози навруз.
Ба рохат абри найсон дурр бипошад .
Ки тундар оварад овози навруз.

?? НАВРУЗ МУБОРАК!

иди Наврузи милли ва ачдодиро ба хар яки Шумо муборакбод мегуяд.
Илохо дар хонадони хар яки Шумо баракот, тансихативу хушбахти хукмфармо бошад! Ба ахли оилаатон ва наздиконатон тансихатию хушбахти хохонем. Таманно дорем, ки чехраи Шумо чун гулхои наврузи хандону шукуфон бошад. Калбатон чун офтоби оламорои Навруз гарму равшан, рухатон чун субгохи Навруз пок, таъбатон чун насими наврузи хурсанди бахш, мехратон чун мехри модарон бепоён ва саршумор аз мехру мухаббат, дастархонатон чун дастархони наврузи пурнеъмату пуранво бошад.

****************************
Бо арзи эхтироми беандоза Шуморо ба муносибати иди пирузи бахориву меъросии ниёгон – Наврузи оламафруз табрику тахният гуфта,ба Шумо умри бардавом,хушбахтии беинтихо,саломатии кави,хонаободи ва дар эчодиётатон бурбдорихо таманно дорем.

**************

Хамаи Шуморо бо иди Наврузи Ачам табрик гуфта, хохони онам, ки Худо хамаи шуморо аз прокурору милиса,суду больница, масту пасту аласт, аз гапхои занакхои лаби об ва кади куча,таксии вайронаву тангеми 2 сума, аз телефони бебалансу аз начальникои сергапу коргарони буз, интернети суст ва дигару дигар .... нигахдор бошад! Иди Наврузатон муборак бошад

Звоните ежедневно до 23:00

Пишите на Viber 24/7